7 январи соли 2025 Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо директори Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» Максим Шилов мулоқот намуд.
Зимни мулоқот тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ миёни ду кишвар, аз ҷумла ширкати ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» (18-20 марти соли 2025) ва масоили дигари мавриди эҳтимоми тарафҳо баррасӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ҷиҳати рушду равнақ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ аҳамияти махсус медиҳад. Маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисоди мешуморад. Иштироки ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар Намоишгоҳи мазкур низ дар ин самт яке аз иқдомҳои зарурӣ ва саривақтӣ метавон арзёбӣ кард.