Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.12.2024 13:02

28 декабри соли 2024 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия пахши мустақими телевизионии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар ҷамъомади мазкур кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Дар Паёми Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро аз натиҷаҳои бадастомада ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҳифзу таъмини амнияти миллӣ ва пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ мавриди баррасӣ ва вазифагузорӣ қарор доданд.

Пас аз анҷоми тамошо, Сафир Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳарсолаи стратегии давлат мебошад, ки дар он ҷамъбасти натиҷаҳои рушди кишвар дар соли сипаригашта арзёбӣ гардида, самтҳои авлавитҳои рушди кишвар дар соли оянда тарҳрезӣ карда мешавад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg