Иштироки донишҷӯёни тоҷик дар ҷаласаи шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»

26.12.2024 15:03

25 декабри соли 2024 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта», ки дар он ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, ки тариқи маҷозӣ иштирок намуд, ифтитоҳ гардид. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз дошт, ки ҷавонон ба таври ҳамешагӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бояд дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо рафтору гуфтор, донишу малака ва фаъолияти назаррас намуна бошанд.

Ҳамзамон, З. Гулаҳмадзода дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 изҳори назар намуд.

Ба зикри роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» Х. Аюбзода, мақсад аз баргузории ҷаласаи шӯро - натиҷагирӣ аз фаъолияти маҳфил дар соли 2024 ва муҳокимаи нақшаи чорабиниҳо барои соли 2025 мебошад.

Бояд гуфт, ки донишҷӯёни тоҷик дар Россия пайваста урфу одат ва фарҳанги миллати хешро муаррифӣ менамоянд ва номбардори неки Тоҷикистон мебошанд. Маҳфили мазкур дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои дипломатиии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар баррасии мушкилоту пешрафти донишҷӯёни тоҷик мусоидат менамояд.

Дар охири ҷаласа, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳаргуна ҷиноятҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон маълумоти муносиб дода шуд.

Дар ҷамъбасти шӯро, тибқи фармоиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беҳрӯз Ҳайдаров – аспиранти курси якуми ихтисоси ҳуқуқи байналмилалии Донишкадаи ҳуқуқ ва амнияти миллии Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Россия (РАНХиГС) ҳамчун роҳбари нави маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар Федератсияи Россия интихоб ва таъин гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg