17 декабри соли 2024 Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Александр Панкин иштирок кард.
Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби иттиҳодияҳои ҳамгироӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, дар мулоқот масъалаи фаъолият ва таъсиси Созмони байналмилалии забони русӣ (МОРЯ) баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.
