Вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар фурудгоҳҳои ш.Москва

13.12.2024 15:55

Санаҳои 11 ва 12 декабри соли ҷорӣ кормандони Хадамоти консулии Сафорат ба мақсади пайгирии вазъи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафар ба Федератсияи Россия ва ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо аз фурудгоҳҳои Домодедово, Шереметево, Внуково ва Жуковскии шаҳри Москва дидан карда, бо намояндагони фурудгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мақомоти сарҳадӣ мулоқот анҷом доданд. 


Дар рафти суҳбат, масъалаҳои марбут ба риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандондони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмин намудани онҳо бо маводи ғизоӣ ва саривақт баргардонидани мусофироне, ки ба қаламрави Россия роҳ наёфтанд, баррасӣ гардид. 


Зимни вохӯрӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, машваратҳои ҳуқуқӣ ва маълумот доир ба тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар соҳаи муҳоҷират, пешниҳод гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg