9 ноябри соли 2024 дар шаҳри Пятигорск, дар доираи сафари кории ҳайати намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба минтақаи Қафқози Шимолӣ, вохӯрӣ бо роҳбарони ҷамъиятҳои (диаспораҳои) тоҷикон, фаъолон ва донишҷӯёни муқими ин минтақа сурат гирифт. Сараввал роҳбари намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Ҳамзамон доир ба дастовардҳои халқи кишварро дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба диққати иштирокчиён расонид.
Дар ҳошияи ин вохӯрӣ роҳбари намояндагии дипломатӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба қонунгузории давлати иқомат, ки дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ворид гардидааст, шарҳ дод.
Инчунин, зимни мулоқот дар масъалаи пешгирӣ аз ҳуруфотпарастӣ ва шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротгаро, ӯ донишҷӯён ва ҷавонони тоҷики минтақаи мазкурро даъват ба амал овард.
Дар фарҷоми вохӯрӣ роҳбари намояндагии дипломатӣ аз ҳамватанон барои фаъолона ширкат варзидан дар корҳои ободонию созандагӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.