Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

01.11.2024 17:31

1 ноябри соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандони намояндагии дипломатӣ ва намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар суханронии худ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшох Гулмаҳмадзода ҳозиринро бо ҷашни 30-солагии қабули Конститутсия, ки дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва муайян кардани роҳи минбаъдаи рушду такомули давлати соҳибистиқлоли тоҷикон нақши ҳалкунанда дошт, табрик намуд. 

Ба ин муносибат нақши муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон, истиқлолият ва тамомияти арзии он, инчунин татбиқ ва риояи қонуни асосии давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонҳо ва шаҳрвандон махсусан қайд намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg