30 октябри соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия Аликберов Аликбер мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи мубодилаи таҷриба ва тайёр намудани кадрҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.