ДУШАНБЕ, 28.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия, генерал-полковники политсия Андрей Храпов вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду давлат дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор суҳбат намуданд.
Инчунин мубодилаи иттилоот, таҷриба ва дигар масоили муҳим мавриди гуфтугӯи судманд қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо барои минбаъд таҳким бахшидани ҳамкории самарабахш ибрози назар намуданд.