Тавсия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вуруд ба Федератсияи Россия

17.10.2024 12:50

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия бояд корти муҳоҷиратро (ба таври худкор ё дастӣ) бо забони русӣ ё бо ҳуруфи лотинӣ мувофиқи маълумоти дар шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият буда, хонапурӣ намоянд.

1. Аз 1 январи соли 2025 муҳлати муваққатии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия дар маҷмӯъ дар давоми як соли тақвимӣ аз 90 рӯз зиёд буда наметавонад. Муҳлати зикршуда метавонад дар сурати мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Федератсияи Россия тамдид карда шавад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи убури Сарҳади давлатии Федератсияи Россия дар муҳлати 15 рӯз аз уҳдадории бақайдгузорӣ  дар макони будубош озод мебошанд. Барои бақайдгузории муҳоҷиратӣ дар макони будубош, ба мақомоти салоҳидори дар маҳали будубоши худ корти муҳоҷиратӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият пешниҳод карда мешавад.

Инчунин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд шахсан ё тавассути маркази бисёрфунксионалӣ ва ё идораи зертобеи Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ПВС»-и Вазорати корҳои дохилии Россия, ё ташкилоти ваколатдор, ё дар шакли электронӣ бо истифода аз Портали ягона дар бораи ворид шудан ва ё омадан ба мақомоти сабти муҳоҷират дар маҳали будубош дар ҳолатҳои зерин мустақилона хабар диҳанд.

  • мавҷуд будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабабҳои узрнок, ки ба тарафи қабулкунанда барои фиристодани огоҳинома оид ба омадан монеъ мешаванд;
  • мавҷуд будани моликият барои бинои истиқоматӣ, ки воқеан ӯ дар онҷо зиндагӣ мекунад;
  • ҳангоми бастани шартномаи иҷораи манзил бо тарафи қабулкунанда.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешаванд, вазифадоранд дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шуданашон аз қайди ҳатмии давлатии изи ангушт, аксбардорӣ ва муоинаи тиббӣ гузаранд ва ё ҳангоми баррасмиятдаровардани патент бо ариза муроҷиат намоянд.

Шахсоне, ки ба муҳлати дароз (зиёда аз 90 рӯз) бо мақсадҳои дигар меоянд - дар давоми 90 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шудан.

 Иҷро накардани уҳдадориҳои дар боло зикршуда боиси кам кардани муҳлати будубоши муваққатӣ дар Федератсияи Россия ва зарурати берун кардани он аз ҳудуди Федератсияи Россия мегардад.

Шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд, ки барои гузаштан аз сабти изи ангушт ва аксбардорӣ, инчунин барои дастрас намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии ҳатмии давлатии изи ангушт ва аксбардорӣ ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Россия ё идораҳои зертобеи корхонаи он (ФСУЕ «ПВС»-и Вазорати корҳои дохилии Россия) ё ташкилотҳои ваколатдор дар ҳудуди шаҳри Москва муроҷиат намоянд.

Шаҳрванди хориҷӣ, ки мақсади сафараш ба фаъолияти меҳнатӣ алоқаманд набуда, бо тартибе, ки раводид талаб карда намешавад, вуруди Федератсияи Россия гардидааст, ҳуқуқ дорад бидуни баромадан аз ҳудуди Федератсияи Россия ҳангоми гирифтани патент бо нишон додани ивази мақсади худ дар ариза доир ба анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия метавонанд тағйир диҳанд.

Шаҳрванди хориҷӣ, ки муваққатан дар Федератсияи Россия ворид гардиааст, уҳдадораст то ба охир расидани муҳлати будубоши муваққатии худ, ба истиснои ҳолатҳое, ки муҳлати будубоши муваққатии ӯ тамдид шудааст, аз Федератсияи Россия хориҷ шаванд.

Муҳлати будубоши муваққатӣ дар Федератсияи Россия ҳангоми таҳсил дар асоси аризаи дар шакли муқаррашуда ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсил дар қаламрави Федератсияи Россия тамдид карда мешавад.

2. Дар сурати ворид шудан ба Федератсияи Россия аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истиқомати муваққатӣ ё доимӣ дар Федератсияи Россия, ӯ ҳуқуқ дорад барои гирифтани маълумоти бештар ба шуъбаҳои муҳоҷирати ВКД Россия ё корхонаҳои зертобеи он (ФСУ «ПВС»-и ВКД Россия) ё ташкилоти ваколатдор ҳудуди шаҳри Москва муроҷиат намояд.

 

Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ ва ё нофаҳмиҳо нисбат ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, Шумо метавонед ба Сафорату консулгариҳои генералии  Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, инчунин Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин муроҷиат намоед.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg