16 октябри соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия М. Ю. Галузин ва муовини якуми вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия А. В. Горовой, ки бо сафирони давлатҳои аъзои ИДМ доир гардид, иштирок намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масоили муҳоҷират ва мавриди амал қарор гирифтани тағйиру иловаҳоро ба қонунгузории федералии кишвари иқомат дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор доданд.