10 октябри соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ректори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва Ирина Краева мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи маориф ва илм, тайёр намудани тарҷумонҳои касбии синхронӣ, табодули таҷриба, инчунин масъалаҳои зиёд намудани бурсияҳои таълимӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкурро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо масоили омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар ин муассиса ва шароити зиндагии онҳоро баррасӣ карданд.