Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид, ки дар кори он таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Кори ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ нахуст дар доираи маҳдуд оғоз гардида, сипас бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.
Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки таҳти Раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин баргузор гардид, таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарони давлатҳо ва дар ҳамин замина истифодаи пурраи имконияти мавҷуда барои таҳкими робитаҳои дуҷониба равона карда шуд.
Таъкид гардид, ки соли 2023 тибқи маълумот, ҳаҷми гардиши савдо бо Федератсияи Русия 1,7 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 2,4 фоиз зиёд шудааст.
Дар 8 моҳи соли 2024 ҳаҷми савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия беш аз 1,2 миллиард долларро дар бар гирифт, ки суръати афзоиши он 14 фоизро ташкил медиҳад.
Татбиқи лоиҳаҳои зиёди муштарак ва афзуншавии гардиши бор байни ҳарду давлат мисоли равшани рушди робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Русия ба ҳисоб меравад. Дар сурати истифодаи пурраи имконияти мавҷуда метавон робитаҳоро боз ҳам таҳким бахшид.
Бо назардошти ҳамин ҷонибҳо таъмини иҷрои супоришҳо ва мувофиқаҳои байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бадастомадаро муҳим ва ҳатмӣ арзёбӣ намуданд.
Дар ҷаласа иқтисоду сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркардкунандаи ашёи хом, энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ беҳтарин самту соҳаҳои таҳкимбахшандаи ҳамкорӣ дониста шуданд.
Рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Русия дар афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ҳамчунин дар ин рӯз барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва саноат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Дар охири кори ҷаласа санади нави дахлдор ба имзо расонида шуд.