5 октябри соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки ҳайати кормандони намояндагии дипломатӣ, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақши забони тоҷикӣ дар низоми давлатдорӣ, пешрафти илму маърифат ва фарҳангу ҳунар ҷалб намуд. Дар ин раванд саҳми арзандаи шоирони классик ва файласуфону олимони тоҷик, ки маҳз тавассути онҳо рушду пойдории забони тоҷикӣ барои наслҳои минбаъда таъмин гардид, қайд карда шуд. Ҳамчунин роҷеъ ба ғамхорию ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошт ва рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ маълумоти муфассал манзур гардид. Махсусан таъкид шуд, ки нақши муҳим ва мақоми воқеан давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар таърихи навини тоҷикон, бевосита аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат маншаъ мегирад.