26 сентябри соли 2024 дар доираи сафари корӣ дар Федератсияи Россия муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бо шаҳрвандони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Москва кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот анҷом доданд.
Сараввал, Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистону Россия ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод кард. Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дар мавзуи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ва “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” бо ҳозирин суҳбат орост.
Сипас, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Аламшозода зимни суханронӣ дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол ва нақши меҳварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ, арзишҳои миллӣ, ҳифзи ҳофизаи таърихӣ, рушди босуботи ҷомеа ва мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қайд намуд.
Инчунин, А.Аламшозода мақсади баргузории вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арзёбӣ намуда, доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуданд.
Ҳамзамон доир ба тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо андешидашуда маълумот пешкаш гардид. Илова бар ин, зарурати риояи қонунҳо ва қоидаҳои будубош дар Россия таъкид карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳамватанон саволу дархостҳои гуногун пешниҳод намуда, аз ҷумла перомуни масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар пурсишҳо посух гирифтанд.