25 сентябри соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Федератсияи Россия Кубаничбек Боконтаевро ба ҳузур пазируфт.
Роҳбари Намояндагӣ К. Боконтаевро ба муносибати таъйин гардидан ба вазифаи Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Федератсияи Россия табрик намуда, дар ин рисолати муҳим ба ӯ комёбиҳо таманно кард.
Ҷонибҳои зимни сӯҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.