Мулоқот бо Сафири Беларус

25.09.2024 12:56

25 сентябри соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Федератсияи Россия Александр Рогожникро ба ҳузур пазируфт.

Роҳбари Намояндагӣ А. Рогожникро ба муносибати таъйин гардидан ба вазифаи  Сафири Ҷумҳурии Беларус дар Федератсияи Россия  табрик намуда, дар ин рисолати муҳим ба ӯ комёбиҳо таманно кард.

Ҳамсуҳбатон ҳамчунин доир ба вазъи кунинӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус мубодилаи афкор намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg