Иштироки Муовини якуми Сарвазир дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ

20.09.2024 18:34

20 сентябри соли 2024 Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холикзода дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзид.

Дар зимн сарони ҳайатҳо тибқи рӯзномаи Шӯро масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ-ро мавриди муҳокима қарор дода, лоиҳаҳои санадҳоро, ки ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои иштирокдори Созмони мазкур равона гардидаанд, баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Роҷеъ ба тамоми масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg