18 сентябри соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Директори Институти Хитой ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Россия Кирилл Бабаев мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию амалиро мавриди баррасӣ қарор дода, ташкили нашрияҳо дар бораи Тоҷикистон дар маҷаллаи Институти Хитой ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Россия таъкид намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҳавасмандии ҷонибиҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд изҳор карда шуд.