Ҳамватанони муҳтарам

09.09.2024 14:05

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо камоли эҳтиром кулли ҳамватанонро ба муносибати  33-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд.

Ба ҳамаи ҳамватанони азиз бахту саодат, муваффақиятҳои беназир ва барои Ватани маҳбубамон сулҳу суботи пойдор ва ваҳдату шукуфоии ҳамешагиро таманно дорем.

Бигзор Тоҷикистони азизи мо бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафтҳои бузурги минбаъда комёб гардад.

Ҷашни Истиқлоли Ватан муборак, ҳамватанони гиромӣ!

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg