Имрӯз, 28 августи соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори нави Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Москва) Джон Уиллиам ГИРИНГРО ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот Роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ вазъ ва имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳои ду кишвар, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуда, инчунин ба мувофиқа расиданд, ки барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои дуҷониба тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд.