Вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика дар мулоқоти маҷозии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири навтаъйини энергетикаи Федератсияи Русия Сергей Сивилёв баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамроҳшавии Русия ба Созишнома дар бораи кори мувозии низомҳои энергетикии Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд. Сергей Сивилёв гуфт, ки ин иқдом имкон медиҳад, ки ҳамкории Русия бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи энергетика густариш ёбад.
Изҳори итминон карда шуд, ки давлатҳо минбаъд низ дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро густариш медиҳанд.