Боздид аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ

22.07.2024 22:33

22 июли соли 2024, дар доираи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия воқеъ дар Сахаровои шаҳри Москва боздид ба амал оварданд. Айни ҳол дар маркази номбурда 136 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Дар рафти боздид бо роҳбари муассисаи мазкур А.Лагода мулоқот анҷом ёфт. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба интиқоли зудтари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан ва шароити нигаҳдории онҳо дар ин муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифта шуданд.

Инчунин, дар доираи боздид бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом доданд. Дар рафти сӯҳбат ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо дода шуданд.

Ҳамзамон, ба шаҳрвандони Тоҷикистон маводҳои ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз расонида шуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg