18 июли соли 2024 кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар доираи хизматрасонии консулӣ аз Фурудгоҳи байналмилалии “Внуково” дидан карда, бо шаҳрвандони кишвар ва намояндагони мақомоти дахлдори фурудгоҳ вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ бо масъулини фурудгоҳ масъалаи таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақт баргардонидани онҳо ба Ватан баррасӣ гардид.
Дипломатҳои тоҷик дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ба 200 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар минтақаи назоратии фурудгоҳ қарордошта, аз ҷумла онҳое, ки иҷозаи вуруд ба қаламрави Федератсияи Россияро нагирифтаанд, маҳсулоти ғизоӣ расониданд.