Санаи 12 июли соли ҷорӣ кормандони Хадамоти консулии Сафорат ҷиҳати пайгирии вазъи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фурудгоҳи байналмилалии Внуковои шаҳри Москва сафарбар гардиданд.
Зимни сафар бо шаҳрвандони кишвар ва роҳбарияти мақомоти масъули фурудгоҳи мазкур, ҷиҳати саривақт бозпас гардонидани шаҳрвандони кишвар ба Ватан мулоқот анҷом доданд.
Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар давлати иқомат, ба 104 нафар шаҳрвандони дармонда ва 91 нафари дигар, ки соатҳои тӯлонӣ дар тафтиши мақомоти сарҳадии фурудгоҳ қарор доштанд, маводи ғизоӣ пешкаш гардид. Иқдоми мазкур пайваста аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ роҳандозӣ шуда истодааст.