Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ Иннопром 2024

10.07.2024 15:28

ДУШАНБЕ, 09.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастовард ва иқтидори саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром 2024», ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ифтитоҳ ёфт, муаррифӣ гардид.

Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром 2024» яке аз бузургтарин ва муҳимтарин майдони ҷаҳонӣ барои намоиши дастовардҳои саноатӣ ва барқарор кардани робитаҳои корӣ мебошад. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар намоишгоҳ Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва Вазири саноат ва технологияҳои нави мамлакат Шералӣ Кабир роҳбарӣ намуданд.

Дар Павилони миллии саноатии Тоҷикистон дастовардҳои саноатӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва қаннодии беш аз 50 корхонаи пешқадами ватанӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Дар павилион маҳсулот ва технологияҳое ба намоиш гузошта шудааст, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва ҷавобгӯ буда, бо сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тоза аллакай эътирофи байналмилалӣ пайдо кардаанд.

Иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ки дар он дастовардҳои саноати ватанӣ намоиш дода мешаванд, инчунин сармояи хориҷӣ низ ҷалб мегардад, ҷузъи муҳими аҳдофи роҳбарият ва ҳукумати ҷумҳурӣ барои ноил шудан ба ҳадафи стратегӣ – индустрикунонии босуръати мамлакат мебошад, ки дар доираи татбиқи барномаҳо то соли 2025 2 баробар афзоиш додани истеҳсоли саноатро пешбинӣ намудааст.

Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром 2024» дар Маркази намоишгоҳи Екатеринбург то 11 июл идома меёбад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg