Вохӯрӣ бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал

06.07.2024 14:14

6 июли соли 2024 дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Яков Силин баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба омода кардани мутахассисони баландихтисос ва роҳандозии таҷрибаомӯзӣ барои шаҳрвандони тоҷик табодули афкор намуданд. Ҳамзамон зимни суҳбат масоили марбут ба таълими донишҷӯёни тоҷик дар ин муассиса, аз ҷумла, вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо матраҳ гардид.

Пас аз анҷоми мулоқот бо ректор, суҳбати Сафир бо донишҷӯён, ҷавонон, роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон ва диаспора доир гардид. Роҳбари намояндагии дипломатӣ мақсад аз баргузории вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арзёбӣ намуда, доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ қайд карданд.

Ҳамзамон, Сафири Тоҷикистон ба ҳозирин дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, аз ҷумла аз ҷониби СММ эълон шудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” маълумот дод.

Дар баробари ин, доир ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, инчунин тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо маълумот дода шуд.

Сафир аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар корҳои тадорукотии Тоҷикистон баҳри арзанда истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар фаъолона ширкат варзанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg