Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.06.2024 22:50

26 июни соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Гулмаҳмадзода ҳамаи ҳозиринро бо муносибати чашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, дар бораи нақши муҳими таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори давлатдории миллӣ, раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, инчунин таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg