Вохӯрӣ бо Сафири Доминикан

29.05.2024 18:12

Имрӯз, 29 майи соли 2024, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Доминикан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) Алехандро Ариас Сарсуэла мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки барои рушди иқтидори мавҷудаи ҳамкорӣ, ба сатҳи баландтар расондани муносибатҳо тамоми саъю кӯшиши заруриро ба харҷ диҳанд ва ҳамчунин доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg