22 майи соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Москва, дар робита ба шаҳодати Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Иброҳим Раисӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиен ва дигар шахсони баладпояи Эрон дар натиҷаи садамаи ҳавопаймо, дар китоби таъзия бо имзо изҳори ҳамдардӣ навишт.