18 апрели соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар Ҷаласаи VIII вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Москва иштирок намуд.
Дар рафти ҷаласа сарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои илму маориф дар доираи СҲШ табодули афкор намуда, лоиҳаҳои санадҳоеро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ равона гардидаанд, ба мувофиқа расониданд.
Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Инчунин дар ҳошияи ҷаласаи мазкур мулоқотҳои дуҷонибаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Саидзода бо вазири маорифи Федератсияи Россия С. Квартсов ва вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия В. Фалков баргузор гардиданд.
Дар рафти суҳбат мавзуъҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи илму маориф, фарҳангу варзиш, инчунин шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии Россия ва тақвияти ҳамкориҳо байни мактабҳои олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.