17 апрели соли 2024 бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Россия дар Донишгоҳи дустии халқҳои Россия ба номи Патрис Лумумба мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, ки бо сафари корӣ дар ба шаҳри Москва қарор дорад, бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, баргузор гардид.
Сараввал, Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба донишҷӯён дар мавзуи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи 32 соли истиқлолият, таблиғи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон сӯҳбат орост. Дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон ба вижа таъкид гардид.
Дар ҷараёни суҳбат Сафир оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва дар ин замина дурӣ ҷустан онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун таъкид намуд. Аз онҳо талаб карда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватанро ҳамчун арзишҳои миллии худ эҳтиром намоянд.
Инчунин, Д. Гулмаҳмадзода таъкид намуд, ки донишҷӯён бояд дар дарсҳо ва дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳҳо фаъолона ширкат варзида, саҳми худро гузоранд. Ҳамзамон, Сафир қайд кард, ки донишҷӯён бо иродаи устувор, дониши мукаммал, одобу ахлоқи ҳамида, барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҷинояткорӣ, ҳодисаҳои номатлуб ва равияҳои динии бегона худдорӣ намоянд.
Роҳбари намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки Сафорат омода аст, то дар амалисозии ташаббусҳои донишҷуёни ҷавон мусоидат намояд.
Сипас, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Саидзода бо муроҷиат ба донишҷӯёни тоҷик ва бо ёдоварӣ аз муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқотояшон бо ҷавонони кишвар, қайд карданд, ки “Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷ дорад ва шумо одамони хушбахт мебошед, ки имконияти хуби таълимро доред. Бино бар ин, аз шароити мусоиди бароятон фароҳамгашта хуб истифода бурда, илм омӯзед, соҳибкасб шавед ва давлат шуморо ҳатман қадр хоҳад кард”.
Инчунин, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади баргузории вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арзёбӣ намуда, доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуданд.
Дар идомаи суханронӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз фурсат, ба таваҷҷуҳи донишҷуён иброз доштанд, ки касбҳои интихобнамудаи онҳо дар Тоҷикистон мавриди ниёзмандии вижа аст ва ба онҳо маслиҳат доданд, ки аз шароити дар донишгоҳҳо барояшон фароҳамшуда бамаврид истифода баранд.