Вохӯрӣ бо Сафири Юнон

17.04.2024 12:57

17 апрели соли 2024 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Москва) Екатерини Ксагорари баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъ ва имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Юнонро баррасӣ намуда, ҳамчунин доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg