16 апрели соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мизи мудаввар бахшида ба татбиқи афзалиятҳои раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд.
Дар чорабинии мазкур, ки аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Федератсияи Россия ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия ташкил карда шуд, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои аъзо СҲШ, ки дар кишвари иқомат аккредитатсия шуданд, нозирон ва шарикони ин созмон, инчунин намояндагони доираҳои экспертӣ ва илмии Россия ва Қазоқистон иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Д. Гулмаҳмадзода нақши Созмони Ҳамкории Шанхайро дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим арзёбӣ кард.
Бо истифода аз фурсат Сафири Тоҷикистон дар бораи ташаббусҳои обии кишвар, инчунин дар бораи Конфронси сатҳи баланд Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки баргузории он моҳи июн дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст, суханронӣ намуд.
Ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокчиёнро доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Созмони Ҳамкории Шанхай ба вежа таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе, ҳамкориҳои минбаъдаи давлатҳои аъзои СҲШ дар таъмини рақобати босамар, инчунин татбиқи пешниҳоди Тоҷикистон оид ба таҳияи Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 равона намуд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар иштирокчиён доир ба масъалаҳои марбут ба дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи СҲШ табодули афкор сурат гирифт.