15 апрели соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Сербия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Москва) Момчило Бабичро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ вазъ ва имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳои ду кишвар, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуда, инчунин ба мувофиқа расиданд, ки барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои дуҷониба тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд.