Мулоқоти Сафир бо Мудири театри драмавии миллии Россия (Театри Александринский)

09.04.2024 11:30

9 апрели соли 2024 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Мудири театри драмавии миллии Россия (Театри Александринский) Сергей Емелянов баргузор гардид.  

Зимни суҳбат ҷонибҳо масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои фарҳанг, аз ҷумла масъалаҳои ташкили мубодилаи театрҳо дар қаламрави ду кишвар, гурӯҳҳои мусиқӣ, намоишҳои санъат ва инчунин тақвият додани ҳамкориҳо байни муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъатро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар мулоқот масъалаи баргузории Мактаби байналмилалии театрии Александринский дар шаҳри Душанбе, ки аз 24 то 27 апрели соли 2024 ба нақша гирифта шудааст, муҳокима намуданд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва умед ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баргузор гардид.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg