30 марти соли 2024 бо ташабусси Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Маҷмааи консертии “Крокус Сити Холл” бо иштироки намояндагони корпуси муқими дипломатии Федератсияи Россия маросими гулгузорӣ дар назди лавҳаи муваққатии ёдгории маҷмааи мазкур баргузор гардид.
Дар ин маросим Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муҳтарам Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иштирок намуда, аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон гул гузошта ба пайвандон ва наздикони фавтидагон ҳамдардии самимӣ баён дошта ба осебдидагон шифои комил изҳор намуд.