26 марти соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муҳтарам Давлатшо Гулмаҳмадзода ба Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия ташриф оварда, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Маҷмааи консертии “Крокус Сити Холл”, ки боиси қурбониёни сершумор гардид, ба пайвандон ва наздикони фавтидагон ҳамдардии самимӣ баён дошта, ба осебдидагон шифои комил изҳор намуд.