Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT - 2024»

20.03.2024 15:03

19 марти соли 2024 дар шаҳри Москва 30-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT - 2024» расман ба кор оғоз кард, ки то 21 марти соли ҷорӣ идома меёбад. Дар ҷорабинӣ зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ карда мешавад.

Дар маросими кушодашавии Намоишгоҳи мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иштирок намуда, аз гӯшаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкории муштарак миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Россия дар маркази Намоишгоҳи "Крокус Экспо" гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон ташкил кард шуд.

Дар намоишгоҳи мазкур гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дар масоҳати 64 метри мураббаъ ташкил шуд, ки  дар он маводи таблиғотии имкониятҳои сайёҳӣ, роҳнамо, харитаҳо, варақаҳои иттилоотӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маълумоти мавриди таваҷҷуҳ пешкаш гардиданд.

Бо мақсади муаррифии фарҳанги пурғановати миллати тоҷик гурӯҳи Карнай-Сурнай навозии “Азия Нур” ва гурӯҳи ансамбли “Санам” бо навозиши ин асбоби миллии мусиқӣ ва рақси миллии тоҷикӣ табъи тамошобинонро болида гардонид.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg