5 марти соли 2024 дар Донишгоҳи дустии халқҳои Россия ба номи Патрис Лумумби мулоқоти намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ИДМ дар Федератсияи Россия бо муовини ректор оид ба корҳои байналмилалӣ Лариса Ефремова роҷеъ ба қабули шаҳрвандони ИДМ ба Донишгоҳи дустии халқҳои Россия барои соли хониши 2024/2025 баргузор гардид.
Ҳадафи асосии мулоқот баррасии масъалаҳои амалии раванди қабули довталабони кишварҳои ИДМ ба Донишгоҳи дустии халқҳои Россия барои соли таҳсили 2024/2025 ва дурнамои рушди ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Л. Ефремова дар бораи омори қабули шаҳрвандони ИДМ дар донишгоҳ суханронӣ намуда, ба намояндагони дипломатӣ рӯнамоҳои як қатор барномаҳои бакалаврӣ ва магистратура дар Донишкадаи технологии кишоварзӣ, Академияи муҳандисӣ ва факултаи физика, математика ва табиатшиносӣ, инчунин маълумот дар бораи фаъолияти шӯъбаи бақайдгирии шиносномаи Донишгоҳ маълумот дода шуд.
Намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ИДМ дар мавриди омӯзиш ва будубоши донишҷӯёни хориҷӣ дар кишвари иқомат, қоидаҳои қабул ба тариқи шартномавӣ ва буҷетӣ, омодагӣ дар барномаҳои бакалаврӣ, магистратура ва аспирантура иброз ақида намуданд. Намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ИДМ ибрози тақвияти идомаи ҳамкориро бо донишгоҳи мазкур ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳибихтисос ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байни кишварҳои ИДМ ва Федератсияи Россия дар соҳаи маориф изҳор намуданд.
Қобили зикр аст, ки феълан дар Донишгоҳи дустии халқҳои Россия беш аз 550 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Дар охири чорабинӣ ба чанд нафар роҳбарони фаъолони донишҷӯёни кишварҳои ИДМ барои иштироки фаъолонаашон дар маъракаи қабули соли хониши 2023/2024 аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.