Мулоқоти Раиси вилояти Хатлон бо соҳибкорону роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқимии Россия

13.02.2024 15:51

13 феврали соли 2024 бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мулоқоти гурӯҳи кории намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо соҳибкорону роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятҳои тоҷикони муқимии Федератсияи Россия баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар, роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва барқарор кардани робитаҳои мустақими корӣ байни соҳибкорони ҳарду кишвар мебошад.

Зимни баромад Раиси вилояти Хатлон Д. Саид изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин робитаҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи баланд қарор дорад. Ҳамзамон роҷеъ ба фазои мусоиди иқтисодӣ ва сармоягузории вилояти Хатлон муаррифномаҳо ва маълумотномаҳо пешкаш шуд.

 Дар ҷаласа имконоту зарфиятиҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ҷалби соҳибкорони бурунмарзии тоҷик ба раванди босуръати корҳои ободонию бунёдкорӣ дар минтақа, имтиёзу шароити мавҷудаи вилояти Хатлон барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар баррасӣ гардиданд.

Инчунин миёни иштирокдорони чорабинӣ суҳбати озод доир гардида,  соҳибкорону роҳбарони ташилотҳои ҷамъияти назари худро бо саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои мушаххас баён намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg