8 феврали соли 2024 ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб А.Н. Шоев дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Москва бо муовини проректори Донишгоҳи дустии халқҳои Россия оид ба робитаҳои хориҷӣ Н.В. Сюлкова мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи маориф, ҳавасамандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни муассисаҳои таълимӣ, инчунин омода намудани мутахассисони касбӣ ва мубодилаи таҷриба муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҳамзамон, ҳамсӯҳбатон масъалаҳои рушди ҳамкориро дар коркарди лоиҳаҳои муштарак, баргузории мастер-классҳо ва иштирок дар чорабиниҳои баргузоршаванда дар Тоҷикистон ва Россия мавриди муҳокима қарор доданд.