7 феврали соли 2024 дар Москва машваратҳо дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия дар мавзуи "Ҳамкорӣ дар доираи ИДМ ва СААД" баргузор шуд.
Зимни машваратҳо натиҷаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар ИДМ ва СААД дар соли 2023 баргузор гардид. Ҷонибҳо масоили мубрами рӯзномаи ду созмон ва вазифаҳои асосӣ дар соли ҷорӣ ва инчунин раисии Россия дар ИДМ соли 2024 ва Тоҷикистон дар соли 2025 табодули афкор намуданд.