7 феврали соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар вохӯрии вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои (комиссияҳои) парламентҳои давлатҳои аъзои СААД ширкат варзид. Дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод иштирок намуданд.
Иштирокчиёни мулоқот натиҷаҳои асосии ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар доираи СААД муҳокима намуда, вазифаҳои асосии таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷиро дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон бо ин, мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.