Баргардонидани шаҳрванди ноболиғ ба Ватан

05.02.2024 19:48

4 феврали соли 2024 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия бепарастор монда буд, тибқи Созишномаи Кишинёв оид ба ҳамкории давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба баргардонидани шаҳрвандони ноболиғ аз 07.10.2002, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон репатриатсия гардид.

Ҳамзамон иттилоъ дода мешавад, ки аз аввали соли 2024, 9 шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикони худ баргардонида шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg