30 январи соли 2024 мулоқоти намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо намояндагони Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар рафти суҳбат мавзӯъҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи илму маориф, фарҳангию варзишӣ, инчунин шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии Россия, тақвияти ҳамкориҳо байни мактабҳои олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо роҷеъ ба имкони зиёд намудани бурсияҳо дар донишгоҳҳои Россия барои шаҳрвандони Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон, намояндагони Сафорат дар ташкил ва баргузории озмуни «Донишҷӯи сол - 2023»-ро миёни донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, аз дастгирии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия изҳори сипос намуданд.
Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола тибқи бурсияи ҷудошуда аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия, шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар риштаи бакалавриат ва магистратура ба донишгоҳҳои Россия қабул карда мешаванд. Шумораи донишҷӯён ва шунавандагон дар донишгоҳҳои мухталифи Россия, ба монанди Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон, Донишгоҳи дустии халқҳои Россия, Донишгоҳи давлатии Пенза, Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г. В. Плеханов ва ғайраҳо зиёд мушоҳида мешавад.
Дар соли хониши соли 2023/2024, 9567 нафар ба муасиссаҳои олии Федератсияи Россия ба сафи донишҷу қабул гардид. Дар маҷмӯъ 28728 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси донишҷӯ дар Федератсияи Россия таҳсил намуда истодаанд, ки нисбат ба соли 2022, 550 нафар зиёд мебошанд.
Намояндагони Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳо дар баргузории ҳаргуна чорабиниҳо дар самти сиёсати дастгирии ҷавонон, ташкил ва доир намудани барномаҳои фарҳангию варзишӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Мулоқот дар фазои гарму дӯстона ва ҳусни тафоҳум доир гашт.