Мулоқот бо Сафири Юнон

30.01.2024 20:38

30 январи соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш.Москва) Екатерина Ксагорариро қабул кард.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон мавриди табодули назар қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо инчунин ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг, инчунин дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg