Ташрифи сардори Хадамоти консулӣ аз Сахарова

27.12.2023 18:43

27 декабри соли 2023 дар доираи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москва боздид ба амал оварданд.

Дар рафти боздид бо роҳбари муассисаи мазкур Лагода Алексей Викторович мулоқот баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба шароити нигаҳдории онҳо дар ин муассиса ва интиқоли зудтари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан мавриди баррасӣ қарор дода шуд.  

Инчунин, дар доираи боздид бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом ёфта, доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ иттилоъ дода шуд ва ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо пешниҳод карда шуданд.

Ҳамзамон, ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg