Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.12.2023 18:33

28 декабри соли 2023 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия пахши мустақими телевизионии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар ҷамъомади мазкур кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи кунунии рушди кишварро мавриди арзёбӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян намуд. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg