Сафорат қазияи марбут ба ҳолати дар бозори Садоводи шаҳри Москва рӯйдодаро мавриди пайгирӣ ва назорат қарор дода, барои дарёфти ҷузъиёти бештари ин ҳодиса бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия дар ҳамкории зич мебошад.
Аз ҳисоби кормандони Сафорат барои муайяну мушаххас кардани ҳолати рухдода ба ҷойи воқеа гуруҳи корӣ сафарбар гардид ва бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бозори Садовод фаъолият менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Намояндагии дипломатӣ барои ҳалли шаффофи қазияи мазкур дар доираи қонунгузории давлати иқомат талош хоҳад кард.
Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои будубоши давлати иқоматро риоя намоянд.